Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2017

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборū  ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми соли сипаригаштаи  2017 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.

Дар кори он муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Сарогоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми соли 2017 муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ  гузориш пеш овард.

Тавре гуфта шуд, новобаста аз  тадбирҳои андешидашуда, давоми соли сипаригашта  нақшаи қисми даромади буҷети умумидавлатӣ, аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 92 фоиз иҷро гардид. Нақшаи худи андозҳо бошад, дар қисми даромади буҷети умумӣ 88,5% ва буҷети маҳаллӣ 87,2% иҷро гашта, нисбати нақша ба буҷети умумӣ 11,1 миллион сомонӣ, ва ба буҷети маҳаллӣ 10,9 млн сомонӣ кам маблағ ворид шудааст.

Давоми сол ба маблағи 296,6 млн.сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2016 18,3 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 106,6% баробар гардид. Дар ин давра аз 49 корхонаи саноатӣ 43 корхона суръати афзоиши маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 таъмин намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 376 миллион сомониро ташкил дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷойизи зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ин ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи мақсадноки кӯмакҳои молиявии берунӣ мебошад.

Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи деҳоти водии Фарғона», ки аз тарафи “Котиботи  байналмилалии об — ташкилоти ғайридавлатии Канада” ва маблағгузории «Агентии Швейтсария оид ба Рушд» амалӣ шуда истодааст, имкон медиҳад, ки дар марҳалаи наздик зиёда аз 35000 аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ бо оби нӯшокии хушсифат таъмин гарданд. Дар доираи  амалигашти лоиҳаи мазкур ҳамчунин сохтмони ду ҳавзи обҷамъкунанда ва азнавсозии хатҳои об ва канализатсияи шаҳр аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо маблағгузории 16,1 млн. сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ давоми соли сипаригардида дар ҳудуди шаҳри Исфара барои амалигашти  лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ 13,1 млн.сомонӣ ҷалб карда шудааст.

Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ давоми  соли 2017 ҳаҷми корҳои сохтмониву васлкунӣ низ афзуда, маблағи 76 млн. 376 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 млн. 619 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Расулзода Дилшод  Ҷабборū аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини иҷроиши барномаҳо ва рушди соҳаҳо, густариши ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ  ва  амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд.

Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини  Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорū ширкат ва суханронӣ дошт.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *