Дар коллечи тиббии шахри Исфара маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ХХДТ “Мадад” баргузор гардид

Дар коллечи тиббии шахри Исфара маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ХХДТ “Мадад” баргузор гардид, ки дар чараёни он бо баробари шарху тавзехи нуктахои мухими Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии ЧТ аз 22-юми декабри соли 2017 ва кабули аъзои нав ба сафи хизб, иштирокдорон аз фаъолияти давоми соли 2017-и ташкилот натичабардори намуда, вазифахоро барои соли 2018-ум муайян карданд.
Дар маҷлис мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқ Фирӯза Раҳимӣ, аъзои Шӯрои занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устоди Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Мухаммад Осимӣ Хайриниссо Темурова ва раиси Шӯрои занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мехриниссо Алиматова хузур доштанд.
Вобаста ба масъалахои фаъолияти ташкилоти ибтидоии хизби дар соли сипаришуда ва муайянсозии вазифахо ба давраи минбаъда раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Гулрабо Бобоева баромад кард.
Мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ ва аъзои Шӯрои занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хайриниссо Темурова дар бораи нуктаҳои асосии Паём маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Зимнан гуфта шуд, ки «Омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *