Натичагири маъракаи даъвати тирамоҳӣ

Дар толори маҷлисҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборū бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, аъзои ситоди даъвати тирамохии ҷавонон ба хизмати ҳарбū, кормандони комиссариати ҳарбū, раисони ҷамоатҳо, сардорони мизи ҳарбū, раисони маҳаллаҳо, сарварони муассисаҳои таълимū ва дигар масъулини соҳа маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Исфара аз 20 сентябри соли 2017, «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбū дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2017» раиси комиссияи даъват, муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимū гузориш пеш овард.

Тавре зикр гардид, 1 октябр мувофиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбū ва хизмати ҳарбū» дар асоси Фармони Пешвои миллат, Президенти ҶТ, қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара ба таври расмū маъракаи давати ҷавонон ба хизмати ҳарбū шурўъ гардида, дар ҷараёни маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 222 нафар ҷавонони исфарагū ба хизмати ҳарбū фиристода шуданд, ки ин 100 % нақшаро ташкил медиҳад.
Рафти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишон дод, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Хонобод, Лаккон, Шаҳрак, Чилгазū, Чоркуҳ ва Шўроб туфайли ташкили хуби кор иҷрои саривақтии нақшаи даъватро таъмин намуданд. Ҷамоатҳои Навгилем, , Ворух, Сурх ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр нақшаи муқарраршударо назар ба маъракаи даъватҳои гузашта дертар иҷро намуданд.
Бо баробари ин зикр гардид, ки дар баъзе ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр масъулин нисбати ин маъракаи муҳими сиёсū бетарафū зоҳир менамоянд.
Таҳлили вазъи имрўзаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбū нишон медиҳад, ки аз тарафи сохторҳои марбутаи МИҲД-и шаҳр ва масъулини соҳаи иҷтимоиёти ҷамоатҳо дар самти доирсозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотū, аз ҷумла тарбияи ҳарбū- ватандўстū саҳлангорū мушоҳида мешавад. .
Аз ин рӯ, бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи даъвати ҷавонон дар маъракаи баҳорū зарур аст, дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишин чорабиниҳои тарғиботū ва ташвиқотū ба таври доимū ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ, ташкили бозиҳои ҳарбию варзишии «Ватанпарвар», «Сипар» тадбирҳои зарурū андешида шаванд.
Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборū вобаста ба муаммову мушкилоти маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбū аз раисони ҷамоатҳо ва дигар муттасадиён пурсиш ба амал оварда, бо таҳлили ҳамаҷонибаи рафти маъракаи даъват дар маҳалҳо, бо назардошти қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард маҳсуб шудани адои хизмати ҳарбū баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир намудани маъракаи баҳоронаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар шаҳру деҳоти Исфара ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.