Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар

Обидбой Аҳмадов- муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба хотири шарҳу тавзеҳи нуктаҳои умдаи Паёми имсолаи Пешвои миллат дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ  бо фаъолони маҳаллӣ мулоқот доир намуд.

Дар ҷараёни нишасти мазкур аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки «Алъон дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Ва метавон гуфт, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

«Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд».

Ба андешаи Обидбой Аҳмадов, надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рў овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегардад. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба хубӣ дарк намуда, онро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки  худ кайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро метавонем дар ҳодисаҳои Ироқ, Либиё, Сурия ва Украина мушоҳида намоем. «Дар чунин вазъият, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем».

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат вобаста ба таъмини иҷоиши се ҳадафи стратегӣ — раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди соҳибкорӣ ва иқдоми эълони соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар доираи нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва КИШ ҲХДТ имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара аз ҷониби гурӯҳои тарғиботӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нуктаҳои умдаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода мешаванд.