Мулоқоти консули Русия бо соҳибкорон

Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бодаренко дар шаҳри Исфара бо беш аз 30 нафар роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон мулоқот анҷом дод.

Дар доираи нақшаи муштараки кории Ҳукумати Федератсияи Руссия  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди робитаҳои иқтисодӣ байни ду давлати бо ҳам дӯст консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бодаренко дар шаҳри Исфара санаи  27  12 2017   бо беш аз 30 нафар роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маъруфхӯҷа Бузуругхӯҷаев ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифта дар ҷараёни он дар баробари баёни аҳамияти эҳёи риштаҳои муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ байни Русия ва Тоҷикистон вуҷуд дошта, зарурати барқарорсозии робитаҳои мутақобилан судманд байни корхонаҳои истеҳсолӣ ва доираҳои соҳибкорӣ тазаккур дода шуданд.

Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко роҳбарияти шаҳр ва соҳибкоронро бовар кунонид, ки таклифу пешниҳодоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия ҳангоми тарҳрезии барномаҳои густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба инобат гирифта хоҳанд шуд.