ПАЁМИ ДИЛГАРМИ БА ЗИНДАГИ

Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон, ки  санаи 22-юми декабри соли 2017  ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, пешниход гардид, аз чониби чавонони шахру дехоти Исфара бо ифтихори бузурги сохибдавлативу сохибихтиёри ва чонибдории комил аз сиёсати дурусту илман асосноки дохиливу хоричии рохбарияти давлат пазируфта шуд.

Дар чараёни сухбатхое, ки имрузхо вобаста ба мухокимаи нуктахои умдаи Паём доир мегарданд, возех аён мешавад, ки чавононро таваччух ва эътимоди хосаи Пешвои миллат ба масъалахои вобаста ба муаммову мушкилоти зиндагии насли наврасу чавон  ва эътимод  ба неруи созандаи онхо ба хаёту фаъолияти минбаъда дилгарм месозад.

«Ғамхории Хукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд», —  гуфтани Рохбари давлат дар рузхои охирини Соли чавонон ба мо дар азми фатхи минбаъдаи куллахои мурод  руху илхоми тоза бахшид. Бо ин изхорот Сарвари давлат чавононро бовар кунониданд, ки бо анчоми Соли чавонон сатхи гамхори дар хакки онхо кохиш намеёбад.

Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар баробари изхори каноатманди аз ширкати фаъолонаи чавонон дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ  ва хиссаи сазовори онхо дар корхои ободониву бунёдкори ба самтхои умдаи фаъолияти минбаъдаи мо ишора намуданд: «Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд».

Бахши чавонон ва варзиши шахри Исфара аллакай дар асоси дастуру хидоятхои Пешвои миллат, ки дар Паём садо доданд, ба тахияи накшаи чорабинихо барои давраи минбаъдаи фаъолияти худ  пардохтааст, ки тадбирхоро бахри болобарии сатхи эхсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти ватандори, хушёриву зиракии сиёси, донишомузиву азхудкунии технологияи муосир, пешгирии конунвайронкуниву чинояткори, мубориза алайхи таклидхои ночо ба маданияти либоспушии ба фарханги миллати мо бегона, шомилшави ба хизбу харакатхои террористиву экстремисти, таъмини волоияти конун, таргиби фарзанги пургановати милли, тарзи хаёти солим, рушди варзиш ва оммави гардонидани он, фаъолноки дар хамаи чабхахои маъракаи бузурги бунёдкориву созандаги ва чалби теъдоди харчи бештари чавонон ба раванди эхёи хунархои мардуми дар бар хохад гирифт.

Мо чавонон чавобан ба бовариву эътимоди Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон ваъда медихем, ки бахри хифзу обод кардан ва ба наслхои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда, тахкими Вахдати милли ва Истиклолияти давлати, густариши сатхи худшиносиву худогохи ва ватандусти дар чомеа пайваста кушишу талош хохем кард!

 

МОХРУ ТУРАЕВА

МУДИРИ БАХШИ ЧАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАХРИ ИСФАРА