Бунёди варзишгоҳи хурд дар Навгилем

Дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара майдончаи муҷаҳҳазу муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир ба сохтмони иншоотҳои варзишӣ соҳибкорон  иқдом мекунанд ва бунёди ин майдончаи варзишии замонавӣ низ бо саҳмгирии соҳибкори маҳаллӣ Озод Абдурафиев бо харҷи беш аз 80 ҳазор сомонӣ давоми ду моҳ бунёд карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки танҳо давоми ду соли охир дар худуди шахру дехоти Исфара 26 адад майдончаҳои хурди футбол бо тарҳи замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи варзишгоҳ муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳузур ва каломронӣ доштанд.