Аёдати собиқадорон

Раиси Кумитаи ичроияи шахрии ХХДТ дар шахри Исфара Бурхонбек Асадуллоев, муовини у Обидбой Ахмадов ва дигар масъулини хизб ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2018-ум як катор собикадорони чабхаи мехнатро аёдат намуда, бахрашон савготихои идона такдим намуданд.
Аёдатшудагон, чун Мирзошариф Исломиддинов, Холисчон Темурчонов, Хайдархуча Тухтаев, Башорат Рахимова ва дигарон аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи ҳукумату давлат нисбати пирони рӯзгордида изҳори минатдорӣ баён карда, эътимоди худро оид ба таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдат, пешрафти ҷомеъа ва шукуфоии Тоҷикистони азиз таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.