Пирӯзии шоҳмотбози исфарагӣ

Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхӯҷаев дар мусобиқаи  ХII байналхалқии “Павлодар Опен2017”, ки дар Қазоқистон доир гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар мусобицаи мазкур 101 варзишгар аз 7 кишвар бо шумули 10 шоҳмотбозони сатҳи ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Варзишгарон даҳ қисмро бо системаи швейтсарӣ бозӣ карданд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаевҳо намояндагӣ намуданд.

Аз рӯйи гуфти консули гереналии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов “Натиҷаҳои ба дастовардаи Муҳаммадхӯҷа хуб мебошанд. Зеро нӯҳ сол инҷониб мо чунин нишондиҳанда надоштем”