ОСОИШ БА ХОНАДОНИ ШУМО!

Ҳамдиёрони азиз.

Инак, мувофиқи солшумории мелодӣ Соли Нави 2018  фаро мерасад ва чун ҳамешагӣ, бо қадами хуҷастаи худ ба қалбҳои мо хушнудиву хушҳолӣ ва умеду орзуҳои тоза меорад.

Ба ин муносибат, бо самимияти  афзун ва ҳам арзи эҳтирому накӯтарин орзуҳо ман кулли мардуми шарифу садоқатманди Исфараи бостониро табрику таҳният мегӯям.

Бигзор, ки Соли Нав – соли амалигашти нақшаву ният ва умеду орзуҳои тозаи мову шумо бошад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар саҳифаҳои таърихи навини мо тоҷикон бешак чун соли пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, марҳилаи амалигашти ҳадафҳои неки бунёдкорона, тақвиятбахшии дастовардҳо ва дар маҷмӯъ, чун соли неку бобарор бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.

Хоссатан бояд гуфт, ки соли рафтаистода дар ин радифи соли таҷлили ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ, 20 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, ҳамчунон дар хотироти сокинони шаҳри мо чун Соли ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара нек нақш бастааст.

Дар ин радиф, метавон гуфт, ки соли 2017 – соли дар сатҳи олӣ арҷ гузоштан ба мақому манзалати шоири бузурги тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ низ буд, зеро ҳамзамон бо азнавсозии гулбоғи марказии шаҳр, ки номи шоирро дорад ва ҳам бунёди муҷассамаи барқади Мавлоно Сайфуддин, бо иқдоми Пешвои муаззами миллат бори нахуст «Девон» ва ҳам «Осори мунтахаби Сайфуддини Исфарангӣ» нашр ва ба мардуми фарҳангии Исфара тақдим гардид.

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми соли 2017 худ бозгӯйи онанд, ки дастовардҳои меҳнаткашони мо дар самту соҳаҳои фаъолият – чи иқтисодиёту саноат ва чи иҷтимоиёту фарҳанг назаррас ва шоёни таҳсин аст.

Дар ин росто, умедворам, ки ниҳолакони дар масоҳати 140 гектар боғоти нав 156 гектар боғоти аз нав барқароргардида шинонидаи мардуми боғпарвари мо солиёни наздик боровар хоҳад гашт ва аз меваҳои хуштамъи онҳо пиру барнои диёр даҳон ширин хоҳанд кард.

Боварии комил дорам, ки беш аз 30 иншоотҳои муҳими иҷтимоию истеҳсолии давоми сол бунёднамудаи мардуми созандаю бунёдкори мо, аз ҷумла 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ оянда ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр мусоидати созгор ва даҳсолаҳо ба сокинони шаҳру деҳотамон неку шоиста хизмат хоҳанд кард.

Ҳамчунон, умед дорам, ки силсилаи варзишгоҳҳои хурди муосири давоми ин сол бунёдгардида, ки теъдоди онҳо ба 27 адад расидааст, чун макони тақвиятбахшии ҷисмонӣ ва нерӯмандии наврасону ҷавонони мо ва оммавигардии варзиш дар байни аҳли ҷомеа  солиёни зиёд истифода хоҳанд гашт.

Итминони комил дорем, ки Соли нави тақвимии 2018, ки бо пешниҳод ва Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, барои мардуми саодатманди диёр соли бахосияту бобарор, пур аз файзу баракат ва соли фатҳу кушоишҳои бузург мегардад, ба мулки мо ободиву осоиш, файзу сафо ва нишоти бештар меорад.

Бо ибрози чунин умедҳои нек, ба шумо, ҳамдиёрони азиз, дар соли навин дар ҳама ҷабҳаи зиндагӣ пешомадҳои нек, иқболи баланд, ба хонадонатон осоиш, рӯзгори босаодат, файзу баракати зиндагӣ барору дастовардҳои тоза, пирӯзиву сарбаландиҳо ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ орзумандам.

 

Соли нави мелодӢ бароятон муборак бошад!

 

Бо накӯтарин орзуҳо,

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳри Исфара