ГУФТУГӮИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО МАРДУМ ОЗОДУ ОШКОРО ВА САМИМОНАЮ СОЗАНДА БУД.

Гуфтугўи мустақими радиои Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ки бегоҳирӯзи 30 декабри соли 2017, ба ҷойи як соати муқаррарӣ бо хости шаҳрдор 1 соату 35 дақиқа тӯл кашид, воқеан ҳам ошкоро ва бидуни эҷоди маҳдудият зимни баёни афкору гуфтор сурат гирифт.
Зимнан, беш аз 30 адад арзу муроҷиат, мактубу дархост, номаҳои сипосу муборакбодиҳои қаблан ба почтаи электронии раиси шаҳр isfaramarz@gmail.com ва ҳам аз тариқи «Viber» –у «Whats App» бо рақами 98 — 707 — 91 – 91, инчунин тавассути СМС — Паёмакҳо бо раками 40 — 01 ба Радиои Исфара ворид гардидаанд, мавриди баррасию бозгӯйӣ қарор ёфтанд.
Ҳамингуна Дилшод Расулзода бо таваҷҷуҳ ва сабру таҳаммули ба худ хос арзу дарди дили анқариб 40 сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва ҳам зодагони Исфарамарзро аз кишварҳои хориҷ шунид, бо камоли майл аз таклифу пешниҳодот ва ташаббусу иқдомот ва тозакориҳои мардум истиқболу ҷонибдорӣ намуд. Чандин нафарро самимон дилбардорӣ намуд, ба дили нафарони зиёд умеди тоза бахшид ва дар раванди гуфтугӯ ҳолате ҷой надошт, ки шаҳрдор сухани нафареро бурида бошад.
Баъд аз анҷоми гуфтугӯ ба дастгоҳи раиси шаҳр дастур дод, то бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ, бо назардошти арзу муроҷиат ва таклифу дархости мардум нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ ба раиси шаҳр пешниҳод намояд.
Ҷойизи зикр аст, ки Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ нахустин гуфтугўи мустақими радиоии худро бо сокинон ҳанӯз 29 декабри соли 2016 баргузор сохта буд.
Чун гуфтугӯи навбатии шаҳрдор ба санаи 5-умин солгарди таъсисёбии Муасисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» мувофиқ омад, аҳли эҷоди онро самимонаю сидқан шодбош гуфта, ҳамзамон барои фароҳамсохти шароити созгор барои гуфтугӯйи озодонаю ошкоро ва созанда бо мардум арзи сипос намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз баргузории гуфтугўи мустақими радиоӣ:
— таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо сокинон, шарҳу тавзеҳи иқдомоти созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр, омўзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомот ва тозакориҳои мардум, муайяннамоии самтҳои афзалиятнок ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2018, дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи зебоманзар маҳсуб меёбад.