Пайи ҳадафҳои нопок

ҲНИТ дар фаъолияти худ аз амалҳои террористиву экстремистӣ истифода кардааст

 

 

 

Даврони кӯдакӣ мо дар бозии тирпарронӣ тарафи муқобилро «немис» мехондему худро бо лафзи «совет» ном мебурдем. Ҳоло бошад ба ҳаёти мо ду мафҳум «террорист-шаҳид» ва «камарбанди шаҳид» ворид шудааст. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки ин мафҳумҳо оғози худро аз куҷо мегиранд?

 

Оламиён бори аввал қариб 40 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Лубнон) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин   татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии  Фалас- тин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Лубнон, Ҳизби миллии Сурия ва ғайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири

Ҳиндустон Раҷив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши  террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вуҷуд омадааст.

Террористони худкуш падидаи асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде ки дар даврони паҳншавии дини  насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти ғосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бағдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин ҷост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷароҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва таҳрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро зан, ки ҷинси заиф асту моил карданаш душвор нест ва ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб наменамояд, дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин

занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, муътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Сари шакли терроризм ва хусусияту характери фаъолияти гурӯҳҳои таҳрибкор назар кунем, мебинем, ки онҳо аз лиҳози назариявӣ ба чунин намудҳо тақсим мешаванд:

-байналхалқӣ;

-дохилидавлатӣ.

Аз рӯйи асосноккунии мантиқӣ бошад, се хел мешаванд:

-сиёсӣ;

-миллӣ;

-динӣ.

а) Терроризми сиёсӣ замоне муд- ҳиштарин намуди ба ҳалокат расонидан ба шумор мерафт. Он амалиёти эътирозии гурӯҳҳои гуногун алайҳи сохтори амалкунанда буд. «Дастаи сурх» дар Италия, «Артиши муттаҳидаи сурх» дар Ҷопон, «Гурӯҳи Биадеру Майнкоф» дар Олмон аз қабили чунин гурӯҳҳо ба ҳисоб мерафтанд.

б) Терроризми миллӣ. Ин муборизаи қавму халқиятҳое, ки замоне соҳиби истиқлолият ва давлати ҷудогона буданд. Муборизаи курдҳо дар Туркия, Эрону Ироқ, баскҳо дар Фаронсаи Ҷанубӣ ва Испанияи Шимолӣ (ташкилоти ЭТА), муноқишаҳои созмони «Артиши Ҷумҳурии Ирландия» дар Британияи Кабир барои мухторияти Ирландияи Шимолӣ намунаи терроризми миллӣ мебошад.

Аслан амалҳои террористонаи  «Артиши Ҷумҳурии Ирландия»-ро метавон чун динӣ низ маънидод кард. Яъне, муборизаи католикҳо бар зидди протестантҳо. Католикҳо протестантҳоро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд, ки аз ҳайати Англия баромада, ба Ирландия ҳамроҳ шаванд. Ин дар ҳоле, ки католикҳо кам ҳастанду протестантҳо зиёд ва мавриди террор қарор гирифтани протестантҳо аз тарафи ақалият ногузир шудааст. Барои ҳамин ҳам экстремистони католик «Артиши Ҷумҳурии Ирландия (ИРА)»-ро созмон додаанд.

в) Терроризми динӣ. Ин аз ҳама фоҷеаноктар ва мудҳиштарин намуди шакли зуҳури терроризм мебошад. Ин амалиёти тахрибкорона ва марговарест, ки дар зери ниқоби дин паноҳ шудаасту бо ливои он мубориза мебарад. Аксаран ин амалҳои террористӣ зери мафҳуми «ҷиҳод» манзури ҷаҳониён карда мешаванд. Дар ҳоле, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида холӣ нест.

Дар замони кунунӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде низ пайдо шудаанд, ки фитнаву фасод ва қатлу кушторро байни ҳамдинони худ амалӣ карда истодаанд. ДИИШ яке аз ин гуна гурӯҳҳо мебошад. Ё худ ҲНИТ низ, ки мехост бо қатлу ғорат ва ноамн кардани суботи Тоҷикистон ба ҳадафҳои нопокаш расад, дар фаъолияти худ аз амалҳои террористиву экстремистӣ истифода бурдааст.

Бинобар ин  метавон хулоса кард, ки терроризм  дину оин надорад ва танҳо стратегия ва тактикаи амали гурӯҳҳои ифротист. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастаҷамъона алайҳи гурӯҳҳои таҳрибкор ва характери террористидошта ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву мафкураҳои харобиовар аст.

 

Абдумуталиб ШАРИФОВ.

 

2 Comments

  1. Исфаранги

    Мо чавонони даврони истиклол, дигар шефтаи ин гуна хизбу харакатхо нахохем шуд.

  2. Bozor

    ХНИТ бохабар бошед ва дониста бошед, ки чавонони Исфара имруз дигаранд. Мо бо шукргузори аз истиклолияту давлатдори пайи ободонии кишвари худем. Афсонаи худро ба чойи дигару каси дигар гуед. Акои Абдумуталиб ачиб тахлили хубе намудед. Рахмат.

Comments are closed.