ОСОИШГОХИ ЗУМРАД

Дар Паёми Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии ЧТ аз чумла зикр гардид, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Аз ин хотир чихати тараққӣ додани соҳаи мазкур, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Дар осоишгохи «Зумрад» — и шахри Исфара муътакиданд, ки барои рушди сайёхи дар Точикистон хамаги зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасони дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин радиф дар ин чо таи як соли охир бинои рақами 4 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, хизматрасонии ошхонаи осоишгоҳ ба талаботи рӯз мутобиқ гардонида шуд.
Дар ҳудуди осоишгоҳ бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полезӣ фермаи молию ширӣ, паррандапарварӣ ва 4 адад гармхона бунёд гардид.
Дар ин мавзеъ 4 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, 1000 дона дарахтони ороишӣ ва 11 ҳазор бех гулхои гуногун шинонида шудаанд.
Дар фасли бахори соли равон дар осоишгохи «Зумрад» бо ширкати Пешвои миллат барои бунёди меҳмонхонаи нав санги асос гузошта буд, ки имрузхо дар ин чабха низ корхои сохтмони босуръат идома доранд.
Меҳмонхона аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар таҳхона ташкил намудани хуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ , дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, инчунин толори варзиши, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 300 нафар истироҳаткунанда ба нақша гирифта шудааст.
Дар «Зумрад тибқи нақша дар ду соли оянда барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон бо ин 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ бо кор мусоидат хохад кард.