Баррасии ”Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020″ дар маҷлиси вакилон

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати тахти раёсати раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори ва хузури муовини аввали раиси вилояти Сугд Рахматзода Рустам Мирзо бо иштироки муовинони раиси шахр, рохбарони вохидхои сохтории МИМХД, макомоти хифзи хукук, чомеахои мехнати, раисони чамоатхои шахраку дехот ва намояндагони воситахои ахбори омма иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар ҷараёни он нахуст ҳисоботи раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоb дар ёздаҳ моҳи соли 2017 шунида шуд.
Дар rисмати музокира вобаста ба масъала вакилон аз хавзаи интихоботии «Насими Исфара» раками 3 Азизхуxа Тошев, «Зумрад» раками 24 Абдулмуъмин Халимов ва «Калъача» раками 33 Чамшед Бузуруков изхори назар карданд.
Баъдан иҷлосия дар пешниходи сардори Раёсати молия Башорат Лазизова ва раиси комиссияи доимии Мачлиси вакилони халки шахр оид ба масъалахои ислохоти иктисоди ва бучет Муртазо Олимов мувофикан масъалаҳои сатҳи иҷрои буҷети соли 2016 ва тасдиқи буҷети давлатии шаҳр барои соли 2018 ва муқаррарнамоии андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфараро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии № 18 Баҳром Қосимов «Дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш» шунида, ба эътибор гирифта шуд.
Дар идома муовини раиси шахр Собитчон Умарзода «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020»-ро муаррифи ва раиси комиссияи доимии Мачлиси вакилони халки шахр Гулрабо Бобоева хулосаи комиссияхои дахлдори Мачлиси шахриро вобаста ба барномаи маззкур пешниход намуданд.
Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ пас аз мухокимахо «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020», нақшаи муфассали тарҳрезии маркази шаҳри Исфара ва як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия инчунин пешниҳоди комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди баррасӣ гирифта шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар рафти ичлосия бо назардошти хизматҳои шоён ва тулонию босамар ба ходимони ҷамъиятию давлатӣ Гулафзо Савриддинова ва Холис Темурҷонов унвони «Шаҳрванди ифтихорӣ»-и шаҳри Исфара дода шуд.
Пасон муовини аввали раиси вилояти Сугд Раҳматзода Рустам Мирзо дар робита ба масъалахои баррасишуда ибрози назар карда, аз вазифа[ои ичрояшон таъхирнопазири фаъолони шахр ёдовар гардид.
Раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори бо баробари тахнияти хозирин ба муносибати фарорасии соли нави мелоди ва изхори эътимоду бовари ба амалигардии икдомхои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷумро чамъбаст намуд.