МАХФИЛИ СОЛИНАВИ ДАР ХОНАИ БАЧАХО

Дар Хонаи баччахои шахраки Шуроб ба ифтихори фарорасии соли нави мелоди махфили зебову хотирмоне ороста шуд.
Дар ин руз ба хурсандии тарбиятгирандагон намояндагони макомотхои ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд ва шахри Исфара хамрохи намуданд.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилоят Мелихуча Кодиров, сардори раёсати Агентии давлатии мехнат ва шугли ахоли дар шахр Нурилло Курбонов, муовини директори ЧСК «Комбинати масолехи бинокории шахри Исфара» Бахром Хайруллоев ва намояндагони раёсати маорифу маъмурияти хонаи баччахо баромад намуда, бо баробари муборакбодгуйии кудакон ба муносибати соли нави 2018-ум бо маъние изхор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Хукумати Чумхурии Точикистон гамхори кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатонро яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат карор додаанд ва ягон лахза намегузоранд, ки кудакони ятиму бепарастор бо мушкилоти зиндаги дар танхои монанд. Далели дурустии ин гуфтахо таваччухи хамарузаи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба тарбиятгирандагони хонахои баччахо мебошад, ки барои онхо тамоми шарту шароитхои созгори фарогату тахсил ва касбомузи фарохам оварда шудаанд.
Махфилро дастархони идонаи корхонаи сарпараст — ЧСК «Комбинати масолехи бинокори», тухфахои солинавии иборат аз ширинихои лазиз ва хунарнамоии санъаткорону барномаи фархангии худи тарбиятгирандагон чилои тоза ато намуд.