Чорабинии солинавӣ дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара

Барои тахнияти тарбиятгирандагони мактабпарваришгохи махсуси баччахои кувваи босираашон суст ва зарири шахри Исфара намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, сардори Маркази санчишии митакавии точикстандарт дар вилоят Абдумавлон Рахимзода, макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр Бобохон Болтаев, корхонаи сарпараст — раиси ЧСК «Ориёнбонк» Акмал Розиков ва раёсати маорифи шахр Чанобиддин Фахриддинов икдом намуданд.
Дар ин руз ба мухассилини ин боргохи маърифат аз чониби ЧСК «Корхонаи кимиёви»-и шахр 80 адад тухфахои солинави, аз тарафи ЧСК «Ориёнбонк» дастархони пур аз нозу неъмати идона, маводи озука ва савготихо, хамчунин аз ташкилоти амонативу карзии хурди «Хумо» сару либос ва пойафзолхои зимистона такдим карда шуданд.
Гузашта аз он ба таври расми эълон карда шуд, ки ташкилоти амонативу карзии хурди «Хумо» тасмим гирифтааст то анчоми таътили зимистонаи хонандагон дар хобгохи писаронаи таълимгох хамоми замонавие бунёд намояд.
Бино ба афзудаи сарвари мактаб — парваришгохи махсуси баччахои кувваи босираашон суст ва зарири шахр Хамидахон Вохидова таълимгох дорои заминаи хуби таълиму тарбия ва табобату истирохат буда, алъон дар ин чо 77 нафар кудакону наврасон аз шахру навохии вилоят тахсил мекунанд.
Ба ифтихори чашну ташрифи мехмонон ва чавобан ба гамхорихои макомотхои давлативу корхонахои сарпараст дастаи хаваскорони муассиса барномаи фархангии чолиби худро тахти унвони «Соли нав, икболи нав бодо муборак дустон!» ба намоиш гузоштанд