Мулоқот дар донишгоҳ

Имрузхо дар шахру дехоти Исфара мулокоту вохурихо бо кишрхои гуногуни чомеа чихати шарху тавзехи нуктахои мухими Паёми Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон доир мегарданд.
Дар ин радиф ахиран раиси кумитаи ичроияи шахрии ХХДТ Бурхонбек Асадуллоев ва муовини у Обидбой Ахмадов дар Филиали Донишгохи Давлатии Технологии Точикистон дар шахри Исфара бо устодон ва донишчуён мулокот оростанд.

Дар чараёни вохури аз чумла гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллатро ба мақоми олии қонунгузори мамлакат бешубҳа, метавон як дастур ва фоли нек баҳри фаъолият дар соли нав барои тамоми соҳоти хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ кард. Зеро воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардидаанд.
Дар Паёми имсола нуктаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат баён шудааст. Аз ҷумла, дар самти некуаҳволии мардум, баланд бардоштани маош ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон чанд пешниҳод ироа гардид.
Боиси каноатмандии хоса аст, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Директори филиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади илмҳои техникӣ Исмонхӯҷа Неъматуллоев таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба яке аз нуқтаҳои муҳими паём — пешбурди корҳои иноватсионӣ, бо технологияи муосир ҷалб кард.
Донишҷӯи курси сеюми донишгоҳ Шаҳло Пӯлодова ба Пешвои миллат ва Хукумати ЧТ барои фарохамории шароитхои созгори донишандузиву касбомузи изхори миннатдори намуда, дар симои хозирин ахли кишварро бовар кунонид, ки донишчуёни таълимгох минбаъд бахри ободиву шукуфоии давлати сохибистиклоли Точикистон ба таври шоиста сахмгузори хоханд кард.