Рӯҳбаландӣ аз Паём

Беш аз 200 нафар сокинони деҳаи Хонобод бо рӯҳбаланди аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ба мулоқот бо гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара омода гаштанд.

Мулоқотро раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳоти Хонобод Суруриддин Зиёваддинзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев иштирокдоронро бо мӯҳтавои Паём шинос намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов оид ба вазъи ҷаҳони муосир пешгирии ҷавонон аз ҳаракатҳои ифротгаро ва татбиқи меёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат доир кард.

Омӯзгори филиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Савриддин Мамадҷонов оид ба масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва соҳаи тиб маълумот дод.

Сардори хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ғайрат Бобоев бобати буду боши муҳоҷирон дар хориҷи кишвар изҳори андеша карда, дастури зарурӣ дар ин самт ба иштирокдорон дастрас намуд.