Мулоқот дар донишгоҳ

Рӯзи 25-уми декабри соли равон дар филиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мулоқоти донишҷӯён ва гурӯҳи тарғибии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара оид ба омӯзиши мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев дар бораи нуқтаҳои асосии Паём маълумоти муфассал пешниҳод кард. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов  дар бораи сармояи инсонӣ, ғамхории ба ҷавонон изҳори андеша кард.

Директори филоиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади илмҳои техникӣ Исмонхӯҷа Неъматуллоев  таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба яке аз нуқтаҳои муҳими паём пешбурди корҳои иноватсионӣ, бо технологияи муосир ҷалб кард.

Донишҷӯи курси сеюми донишгоҳ    Пӯлодова Шаҳло барои шароити муҳайёшуда ба ҷавонон дар Соли ҷавонон ва таъмини босуботи насли наврас ба таҳсил ва фаъолият изҳори миннатдорӣ баён кард.