БАҲРИ КӮМАК БА ҶАВОНОНИ НИЁЗМАНД

Бахши чавонон ва варзиш, Телевизион ва Радиои Исфара бо хамдастии беш аз 20 нафар санъаткорон бо нишони дастгири аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон, дар доираи накшаи чорабинихо бахшида ба Соли чавонон  чихати кумак ба чавонони имконияташон махдуд консерти хайрияви ташкил намуданд.

Дар консерт баробари тараннуми Ватани сохибистиклол, мардуми захматпешаи он, фазои сулху субот, табиати дилфиреби диёр ва эхсоси ширину гуворои айёми бахори зиндаги — чавони зарурати пешасозии тарзи хаёти солим, азхудсозии илму фанхои замона, хушёриву зиракии сиёси ва сахмгузори дар раванди ободонии Механ тазаккур дода шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ин азми кумак ба чавонони ниёзманд дар соли равон дар Исфара икдоми аввалин набуда, балки хамаги чанде пештар мувофик ба накшаи чорабинихои бахшида ба Соли чавонон аз чониби раиси шахр  ба 130 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон, ятимони кулл ва тибқи квотаи Президентӣ таҳсил дошта кӯмакхои яквақтаи пулӣ ва ба 320 нафар донишҷӯён аз оилахои ниёзманд  кӯмакхои моддӣ расонида шудаанд.