БАХРИ РУШДИ МАМЛАКАТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз чониби сокинони шахру дехоти Исфара бо ифтихори баланди сохибдавлативу сохибистиклоли ва азму иродаи кавии сахмгузори дар чараёни минбаъдаи маъракаи бунёдкориву созандаги истикбол гирифта шуд.
Дар ин руз хурду бузург дар идораву ташкилот, муассисаву корхонахо ва мачмаахои савдову хизматрасони ба таври дастачамъона гузориши мустакимро аз чаласаи якчояи Мачлиси намояндагон ва Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ки аз тарики хамаи шабакахои радио ва телевизионии чумхури пахш гардиданд шуниданд ва тамошо карданд.
Вокеан хам сокинони шахру дехоти Исфара хамасола Паёми Президенти ЧТ мухтарам Эмомали Рахмонро бесаброна интизор мешаванд ва ин бесабаб хам нест. Зеро Паёми Президенти кишвар дорои пурмуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар як шахрванди ватандуст роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.

Паёми имсолаи Президенти мамлакат бори дигар собит сохт, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.
Аз рухияи истикбол аз Паём дар Исфара гуфтан мумкин аст, ки сокинони ин гушаи кишвар, дар катори кулли шахрвандони Чумхурии Точикистон бо бардошти муассир аз ҳар як нуктаи Паём онро дар фаъолияти ҳамарузаашон пурсамар истифода хоханд кард