ШАҲРДОРИ ИСФАРА СОКИНОНИ ШАҲРРО БА ГУФТУГӮИ НАВБАТИИ МУСТАҚИМИ РАДИОӢ ДАЪВАТ МЕКУНАД

Санаи 30 декабри соли 2017, соати 18¬-00 гуфтугўи мустақими Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сокинони шаҳру деҳоти Исфара тавассути барномаи «Робит໬и Радиои Исфара сурат мегирад.
Ҳадаф аз баргузории гуфтугўи мустақими радиоӣ:
— таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо сокинон,
— шарҳу тавзеҳи иқдомоти созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр,
— омўзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда,
— вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ,
— ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомот ва тозакориҳои мардум,
— муайяннамоии самтҳои афзалиятнок ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2018,
— дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи зебоманзар мебошад.
Шумо имкон доред, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро пешакӣ ба почтаи электронии Раиси шаҳри Исфара isfaramarz@gmail.com ё худ тариқи шабакаҳои «Viber» ё «Whats App» бо рақами 98 — 707 — 91 – 91 ба унвонии раиси шаҳр, инчунин ба таври хаттӣ ба идораи телевизион ва радиои Исфара ирсол доред.
Гуфтугӯйи озодонаву ошкоро ва созандаи Шумо бо Шаҳрдори Исфара санаи 30 декабри соли равон, соати 18¬-00, мустақиман тавассути телефонҳои (+992) 92¬913¬12¬11, (8) 3462 2 14 65 ва бо тариқи онлайнӣ тавассути шабакаҳои «Viber» –у «Whats App» бо рақами 98 — 707 — 91 – 91 сурат мегирад.
Дар раванди гуфтугӯ суолу дархост ва арзу муроҷиати худро ба шаҳрдор тавассути СМС¬паёмакҳо бо раками 40¬01 ба Радиои Исфара ва ҳам имейли isfaramarz@gmail.com ирсол намоед.
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Нек дар хотир дошта бошед, ки:
ОБОДИИ МАКОН АЗ АҲЛИ ОН ВОБАСТА АСТ!