232 нафар дар хориҷ таҳсил доранд

Аз Исфара 232 нафар хатмкунандагони мактабҳо дар мактабҳои олии берун аз Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар соли хониши 2016-2017 мактабро 3745 нафар хатм кардаанд. Аз ин теъдод 1296 нафар, аз ҷумла 557 нафар духтарон бо воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии кишвар дохил шудаанд.
Тибқи маълумотҳо 232 нафар, аз ҷумла 29 нафар духтарон ба макотиби олии хориҷи кишвар дохил ва айни замон дар онҳо таҳсили илм намуда истодаанд.
Ҳамзамон, 330 нафар, аз ҷумла 256 нафар духтарон ба коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ дохил гардидаанд.