БОЗДИД АЗ ШАХРАКИ АНГИШТКАНОН

Раиси шахри Исфара Расулзода Дилшод Чаббори дар хамрохи бо рохбарони вохидхои сохтории макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чихати ошнои бо вазъи вокеии сохахои иктисодиёту ичтимоиёт ва ташвишу тараддудхои сокинон аз шахраки Шуроб дидан намуд.
Нахуст ба мардуми шахрак имкон дода шуд, ки дар бинои чамоат ба кабули раиси шахр даромада, дар боби муаммову мушкилоти ичтимоиву маишии худ арзашонро пешниход кунанд.
Баъдан Расулзода Дилшод Чаббори дар толори мачлисгох бо рохбарияти чамоат, чомеахои мехнати ва фаъолон мулокот ороста ба чабхахои мухими хаёти ичтимоиву иктисодии шахраки Шуроб, аз кабили фаъолияти корхонахои истехсоли, сохахои маорифу тандурусти, масъалахои таъминот бо оби нушокиву тозагии мухити зист, ободони ва чарогонкунии кучахо таваччух зохир намуда, чихати харчи зудтар рафъ намудани камбудихои чойдошта дар назди масъулин вазифагузори намуд.
Зимнан зарурати вусъат бахшидани фаъолияти коргоххои атласу адрас ва гилембофи ба таври хоса таъкид гардид