Рӯзи алифбои славянӣ дар Исфара

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара ба ифтихори 25-солагии барқароргардии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Рӯзи арҷгузорӣ ба алифбои славянӣ доир гардид.

Дар ҷараёни он намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, консули генералӣ,  маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, маркази фарҳангии русзабонҳо дар шаҳри Исфара, омӯзгорони фанни забони русии муассисаҳои таълимӣ  ва ҳаводорони адабиёти оламшумули рус ширкат варзиданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ сарвари маркази фарҳангии русзабонҳои шаҳр Людмила Темирова  бо баробари зикри аҳмияти алифбо дар рушди моддиву маънавии ҷомеаи инсонӣ, таърихи пайдоиш ва инкишофи алифбои славянӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки кунун дар миқёси сайёра соҳибони даҳяки забонҳои мавҷуда дар офаридани осори хаттӣ маҳз аз алифбои кирилӣ кор мегиранд.

Сарвари маркази илму фарҳангии «Россотрудничество» Иван Иванов ба таври мухтасар доир ба ҳадаф ва вазифаҳои ташкилоти худ маълумот дод.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Ибромҷон Икромов зимни ёдрасӣ аз ҳамкориҳои судманд бо консулгарии Федератсияи Россия, «Россотрудничества» ва маркази фарҳангии русзабонҳо аз ҷумла таъкид дошт, ки барои 2 ҳазору 86 нафар муҳассилини шаҳри Исфара маҳз ба туфайли чунин робитаи хуби ҳамкорӣ 1165 адад китобҳои дарсӣ ба таври ройгон дастрас гардиданд.

Сипас, хонандагони 6 муассисаҳои таълимӣ, ки раванди таълим дар онҳо бо забони русӣ роҳандозӣ шудааст, оид ба ҳаёт ва фаъолияти асосгузорони алифбои словянӣ Кирил ва Мефодий ва мероси гаронбаҳои адабиву маънавии бо ин алифбо офаридашуда тавассути маърӯзаву саҳначаҳои ҷолиб маълумот дода, аз осори баландмазмуни адибони маъруфи гузаштаву имрӯзаи рус шеъру таронаҳо хонданд.

Дар анҷом гурӯҳи калони нафароне, ки дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ байни халқҳои тоҷику рус саҳми шоён мегузоранд бо ифтихорномаҳои консулгарии генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид.