Бо ширкати муовини аввали раиси шахр Содирхон Косими сардори раёсати маорифи вилояти Сугд Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи шахр Бобо Саидзода, рохбарияти мактаби хонандагони болаёкати шахри Хучанд

Бо ширкати муовини аввали раиси шахр Содирхон Косими сардори раёсати маорифи вилояти Сугд Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи шахр Бобо Саидзода, рохбарияти мактаби хонандагони болаёкати шахри Хучанд вохурии хонандагони муассисахои маорифи шахри Исфара бо голибони олимпиадахои байналмиллали Абдуллоxон Хайруллоев ва Шахром Илхомзода баргузор гардид.
Зимни мулоқот директори мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзиматов ва муовини у Хикматулло Саидзода аз дастовардҳои хонандагони мактаби худ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки иштирок ва ғолибияти хонандагони мактабҳои мамлакат дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ин нишондиҳандаи мақоми давлати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон буда, боиси муаррифии шоистаи кишвар байни дигар мамолики ҷаҳон хоҳад буд. хамчунин баромадкунандагон вобаста ба роххои босамари омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ибрози назар карданд.
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Илхомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, бо баробари арзи миннатдори барои кумак ба ниходхои давлативу устодон ҳамсолони худро ба азхудсозии илму фан, техникаву технологияи муосир ва забонхо даъват карданд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Сугд Осим Каримзода дар навбати худ аз таваччухи пайвастаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба сохаи мактабу маориф ёдовари намуда, бо баробари тахлили натичахои фаъолияти 3 соли охири муассисахои таълимии шахру дехоти Исфара дар назди масъулин вазифагузори намуд.
Муовини аввали раиси шахри Исфара Содирхон Косими зимни чамъбасти мулокот хонандагонро ба азхудкунии илму фанхои замона, ширкати фаъолона дар олимпиадахои чумхуриявию байналмилали даъват кард.
Ёдовар бояд шуд, ки мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагон бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ташкил гардида, ҳадаф аз он афзун намудани сафи иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад.