Чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар қисмҳои низомӣ

Бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ  дар қисмҳои низомии мустақар дар шахри Исфара  чорабиниҳои идона баргузор мегарданд.
Дар яке аз чунин чорабинихои фарҳангӣ-маърифатии солинави, ки дар  қисми низомии 02267  баргузор гардид, намояндагони  Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Исфара ва вилояти Сугд иштирок намуданд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Содирхон Косимӣ тамоми афсарону сарбозонро бо фарорасии соли нав табрик намуда ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар- Ватан муваффақият орзу намуд.
Дар чараёни чорабини  ҳамчунин намояндаи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд Темурчон Туйчизода ширкат намуда Паёми табрикии Раиси вилоятро бахшида ба Соли нави 2018 ба ҳомиёни ватан расонид.

Лозим ба ёдоварист, ки  ба хизматчиён, афсарон ва сарбозони ин қисми низомӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дастурхони солинавӣ ороста шуд.
Аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бошад, барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.