Дар мачмааи фархангиву фарогатии «Шохона»-и шахри Исфара мувофик ба лоихаи «Баланд бардоштани ракобатпазирии агробизнес дар Точикистон», ки аз чониби Бонки аврупоии рушд ва тачдид дар хамкори бо ташкилоти амонативу карзии хурди «Имон Интернешнл» амали гардонида мешавад, Рузи дархои кушод баргузор гардид.

Дар мачмааи фархангиву фарогатии «Шохона»-и шахри Исфара мувофик ба лоихаи «Баланд бардоштани ракобатпазирии агробизнес дар Точикистон», ки аз чониби Бонки аврупоии рушд ва тачдид  дар хамкори бо ташкилоти амонативу карзии хурди «Имон Интернешнл» амали гардонида мешавад, Рузи дархои кушод баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки хадафи нихоии лоиха мусоидат дар афзунсозии хачми истехсоли махсулоти шири ва меваю сабзавот буда, бо ин максад ба фермерону дехконони шахрхои Исфараву Конибодом чихати рушди фаъолияти тичорати кумакхои машваративу омузиши ва техникиву молияви расонида мешавад.

Дар ин радиф кишоварзон метавонанд аз маблаггузорихо тавассути ташкилоти амонативу карзии хурди «Имон Интернешнл» пурсамар корбаст намоянд.

Дар Рузи дархои кушод намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара аз шуъбахои кишоварзи, кор бо занон ва оила, иктисод, рохбарони хочагихои дехкони ва сохибкорони инфиродии шахрхои Исфараву Конибодом ширкат варзиданд.

Сарвари лоиха Усмонrул Ботуров ва рохбари департаменти карзии «Имон Интернешнл» Назирxон Муллобоев вобаста ба максаду вазифахои лоиха ва фаъолияти ташкилоти амонатии карзии хурди «Имон Интернешнл» дар доираи лоиха маълумот пеш оварданд.

Аз чумла гуфта шуд, ки дар рафти амалигардонии лоиха чорводорони минтака зотхои бехтарини моли калон шохдорро аз пудратчиён харидори намуда, минбаъд саршумори онхоро зиёд хоханд кард ва бо ин сабади истеъмолии мардумро аз гушту шири хушсифати махалли гани мегардонанд.

Дар чараёни чорабинии мазкур хамзамон намоиши дастоварди кишоварзон ороста шуд.