Дар доираи накшаи кории гуруххои таргиботии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеа Ибромxон Икромов дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии раками 10

Дар доираи накшаи кории гуруххои таргиботии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеа Ибромxон Икромов дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии раками 10 бо сокинони махаллаи Навободи маркази шахр ва дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии раками 25 бо ахолии атрофи таълимгохи мазкури чамоати дехоти Чоркух вобаста ба мавзуъхои сахми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти ЧТ мухтарам Эмомали Рахмон дар тахкими истиклолияти давлати, таъмини фазои осудаву ором ва рушди иктисодиву ичтимоии мамлакат, таълиму тарбияи насли ватандусту ватанпарвар, пешгирии шомилшавии чавонон ба хизбу харакатхои террористиву экстремисти ва зарурати омузиши амику хамачониба ва риояи хатмии санадхои меъёриву хукукии вобаста ба мухочирати мехнати дар хорича мулокотхои муфид анчом дод. Дар чараёни мулокотхо зимнан бо маъние гуфта шуд, ки ифротгаройӣ равияи сиёсиву диниест, ки дар дунё бо тобишҳои гуногун зуҳур кардааст. Моҳияти асосии он тундравӣ дар расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ буда, ҷомеаро ба хушунат, муқовимати мусаллаҳона бар зидди хукуматхои қонунан сари қудратомада, харобиву ноамнӣ ва куштору ғорат тела медиҳад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони гумроҳи кишвари мо, ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар шароити ғайриинсонӣ ва хорию зорӣ барои манфиатҳои дигарон меҷанганд. Теъдоде аз онҳо аллакай кушта ва кисми дигар пойбанди хоҷагони манфиатҷӯ гардидаву наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд. Аксари он ҷавононе, ки ба доми фиреб афтода, дар минтақаҳои ноором меҷанганд, саводи кофӣ надошта, мавқеашонро дар ҷомеа наёфтаанд ва рӯзгорашонро бо амалу рафторҳои номатлуб мегузаронанд.
Аз ин хотир бояд волидайн мувофик ба вазифахое, ки дар Конуни ЧТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда шудаанд, амал карда, фарзандони худро аз таъсири хамагуна акоиди ифроти хифз ва онхоро ба тахсилу касбомузи ва ободонии Ватан хидоят намоянд.
Лозим ба зикр аст, ки чунин як мулокот бо ширкати муовини прокурори шахр Саминчон Шарифзода, корманди бахши шахрии кумитаи давлатии амнияти милли Фаррух Умаров ва сардори хадамоти мухочирати шахр Гайрат Бобоев дар шахраки Нурафшон низ баргузор гардид.