Рӯзи 12 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳфили адабӣ бахшида ба 30-солагии фаъолияти эҷодии шоири хушкалом

Рӯзи 12 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳфили адабӣ бахшида ба 30-солагии фаъолияти эҷодии шоири хушкалом ва соҳибноми Исфара, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзуллои Азизиён баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагони шинохтаи вилоят, аҳли қалами Исфара, эҷодкорони ҷавон ва дӯстдорони шеъру сухани ноби тоҷикӣ ширкат доштанд.

Ба маҳфил раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки рисолати адабиёт ва адиб дар ҳама давру замон тарғиби арзишҳои волои умумибашарӣ дар байни инсонҳо буду ҳаст. Дар ин радиф Нарзуллои Азизиён низ аз оғози фаъолияти эҷодӣ ин рисолатро ба хубӣ дарк намуда, ашъори мондагоре офаридааст, ки аз ҷониби хонандагон ва парчамдорони назми муосири тоҷик хуб пазироӣ ёфтаанд. Дар ғазалу рубоӣ, дубайтиву таронаҳои ин шоири навҷӯву навгӯ дунёи мураккаби ботини инсону муносибатҳои печида ва бархӯрдҳои ҷомеа ба тасвир омадаанд.  Аз ин рӯ хонандагон дар шеърҳои Нарзуллои Азизиён орзую ормон ва дарду ғами худро таъсирнок дармеёбанд.

Ҳамзамон боиси ифтихор аст, ки ба шеърҳои ӯ ҳофизон оҳанг баставу он дар маҳфилу нишастҳои сатҳи баланд садо медиҳад.

Нарзуллои Азизиён дар радифи шоир будан дар рушди матбуот низ ҳиссаи худро гузоштааст. Фаъолияти меҳнатии мавсуф  дар нашрияҳои ҷумҳуриявии “Адабиёт ва санъат” ва вилоятии “Нилуфар”-у “Лочин” то кунун босамар арзёбӣ мегардад.

Маҷмӯаҳои шоир “Сояҳои офтобӣ”, “Ҷоми чашм” ва “Аз гил то гул” аз ҷониби алоқамандони адабиёт гарму самимӣ истиқбол карда шуданд.

Раиси шаҳр дар баробари супоридани номаи шодбошӣ ва туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки Нарзуллои Азизиён минбаъд ҳам бо ашъори пурғановату баландмазмуни хеш обрӯву эътибори ҳавзаи адабии Исфараро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба таври шоиста муаррифӣ мекунад.

Нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод табрику таманнои  раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро  ба Нарзуллои Азизиён супорид.

Минбаъд маҳфили адабӣ таҳти барандагии худи шоир ҷараён гирифта, мавсуф навтарин навиштаҳои рӯи сафҳа овардаашро  манзури аҳли нишаст намуд. Дар фосилаи шеърхониҳои дилнишини Нарзуллои Азизиён Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ,  омӯзгори мтму №21 Ҷамолиддин Шоҳасанов, шоир Баҳроми Раҳматзод,  адабиётшинос Субҳони Аъзамзод, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Мухтори Абдулло, шоир Исматулоҳи Абдуллоҳ ва роҳбари  ҶДММ “Наҷот” Наҷотхон Исомиддинова суханронӣ карда, аз истеъдоди волои шоирӣ ва садоқату самимияти инсонии Нарзуллои Азизиён ҳарфҳои саршор аз меҳру ихлоси хешро баён доштанд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов, сарояндагони хушовоз Абдураҳмон Шамсиев ва Маҳмудҷон Ниёзов бо сурудҳои ба ашъори Нарзулло оҳангбастаашон ва зебодухтарони дастаи “Зумрад” бо ҷилваи рақсҳои нозук ба маҳфил шукӯҳу файзи хотирмоне бахшиданд.