Мусобиқаи футбол байни деҳаҳои Исфара

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара мусобиқа оид ба футбол байни 10 дастаҳои ҷамоатҳо шурӯъ гардид.

Бино ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Моҳру Тӯраева қувваозмоии мазкур то нимаи моҳи январ идома карда, дастаҳои беҳтарин бо Ҷом, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотирвавӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамагӣ чанде пештар дар ин ҷо мусобиқаҳо оид ба футбол  байни дастаҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ ва байни дастаҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ ҷамъбаст шуданд.

Таваҷҷӯҳи хоса ба ин намуди варзиш дар шаҳру деҳоти Исфара бесабаб нест. Зеро давоми ду соли охир дар доираи таъмини иҷроиши  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар худуди шахру дехоти Исфара 25 адад майдончаҳои хурди футбол бо тарҳи замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар самти пайдо намудани истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон, баланд  бардоштани маҳорату мукаммал гардонидани фаъолияти мураббиён ва доварон низ тадбирандешиҳо сурат мегиранд. Ҷоизи зикр аст, ки  чанде пештар дастпарварони футболи шаҳри Исфара Манучеҳр Ахмедов ва Дилшод  Бозоров  дар мусобиқаҳо барои  дарёфти Ҷоми Тоҷикистон  дар ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  хуб ҳунарнамоӣ  карда, ҳатто якумӣ футболбози беҳтарини бозии ниҳоӣ дониста шуд.

Бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки кунун дар Исфара футбол таҳаввулоти беназиреро паси сар менамояд.