НУРАФШОН: ободкориҳо идома доранд

1400 метр роҳи асосии шаҳраки Нурафшон шағалпӯш карда шуд ва ин амал заминагузорӣ ба асфалтпӯш намудани роҳҳост, ки бо гарм шудани ҳаво сурат хоҳад гирифт.

Иқдоми мазкур дар доираи вазифагузориҳои раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ амалӣ гардида, бино ба гуфти раиси ҷамоати шаҳраки  мазкур Эгамзод Муртазо Машрафӣ дар ин амали хайр сокинони шаҳрак муташаккилона иштирок намуданд.

Дар умум беш аз 100 тонна шағали омодакардашудаи роҳсозон хобонида шудаасту дар ин амали нек корпоратсияи роҳсозони Ҷумҳурии халқии Чин дасти мадад дароз намуданд. Ният аст, ки дар диар кӯчаҳо низ шағалпӯшкунӣ идома дода шавад.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш зиёда аз 80 метр қубури ташноб, ки корношоям гардида буд, иваз карда шуданд.