Вохӯрии раиси шахри Исфара бо донишчуёни исфарагӣ дар Хуҷанд

Дар Кохи «Рудаки»-и маркази вилоят раиси шахри Исфара Расулзода Дилшод Чаббори бо донишчуёни исфарагии дар мактабҳои олӣ, касбиву техники ва коллеҷҳои шахри Хучанд тахсилдошта мулокот доир намуд.
Зимни баромад шахрдори Исфара нахуст аз таваччуху гамхорихои Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон, хукумати Чумхурии Точикистон ва макомотхои ичроияи хокимияти давлатии вилоят ва шахр дар самти таъмини шароити созгор ба тахсилу касбомузии чавонон ёдовар гардида, таъкид ба амал овард, дар замони ҷаҳонишавии босуръат бидуни донишҳои амиқу ҷаҳонбинии васеъ ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ амри маҳол аст. Аз ин хотир чавонон бояд амик дарк намоянд, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти онхост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши онхо вогузор хохад шуд.
Расулзода Дилшод Чаббори хамзамон изор дошт, ки барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон намунаи олии шинохти Ватану ватандорӣ мебошад. Зеро талошҳои ин абармард бахри шинохти саодат ва ҳуввияти миллат беҳтарин намунаи ибрат буда, мактаби омӯзишии беҳтарини дигар вуҷуд надорад.
Минбаъд донишчуён ба раиси шахр вобаста ба пахлухои мухталифи зиндагиву тахсилашон суолу дархостхояшонро пешниход намуданд.
Расулзода Дилшод Чаббори дар навбати худ иброз намуд, ки хамаи таклифхои садодода мавриди омузиш ва барраси карор дода хоханд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки холо дар мактабҳои олӣ, касбиву техники ва коллечхои маркази вилоят 1284 нафар чавонони Исфара таҳсил менамоянд: аз ин теъдод 512 нафар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобобҷон Ғафуров ва 244 нафар дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни исфарагӣ 170 нафар дар хобгоҳҳо истиқомат доранд. 50 нафар бошанд, тавассути квота таҳсил менамоянд.
Дар арафаи ин мулоқоти аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои донишҷӯёни дар хобгоҳбуда дар шакли маводи ғизоӣ кӯмакҳо расонида шуда, утоrи зисти онҳо бо асбобҳои гармидиҳӣ таъмин гардидаанд.
Дар чараёни мулоrоти мазкур ба 45 нафар донишчуёни аълохон, ятим ва аз оилахои камбизоат кумакхои пули ва ба 45 нафари дигари дар хобгох икоматдошта маводи хурока такдим карда шуданд.
Барномаи фархангии саршори ифтихори ватандори ва эхсоси мухаббат ба зиндагии санъаткорони шахри Исфара анчомбахши чорабини гардид