Ормонҳои ҷавонӣ дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Дар арафаи Рӯзи 23-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз ҷониби собиқадорони ҳизб Обидбой Аҳмадов, Ҷамолиддин Нуриддинов, Ҳайдархӯҷа Тухтаев, Башорат Раҳимова, Ҳоким Сафаров ба як гурӯҳ  ҷавонони касбу кори гуногун дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар ҷамъомад ки бо иштироки аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, аъзои шӯрои собиқадорони ҳизб сурат гирифт раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев иштирокдоронро ба Рӯзи 23-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии бевосита ва ташабусси саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои ҳасоси қисмати халқи тоҷик, ки баъди низоҳои сиёсии дохилӣ боварӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо аз байн рафта буд, бо мақсади таъмини сулҳу ваҳдат ва пешгирии парокандашавии давлат созмон дода шуда буд.
Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла шаҳру деҳоти Исфара ғояҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дастгирӣ карда дар интихоботҳо ҷонибдории хешро ба ин қувваи сиёсӣ изҳор карданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути Барномаи мукаммали худ бо такя ба аъзоёнаш барои барҳам додани ихтилофҳои дохилӣ барқарории сулҳу ваҳдат, ташкили сохторҳои давлатӣ саҳми шоиста гузошт.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҳамчун яке аз бахшҳои қавии ҳизбамон дар роҳи амалигашти Барномаи ҳизб беш аз 13 ҳазор одамони касбу кори гуногунро муттаҳид кардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии Раиси муаззами хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи тавонои сиёсии кишвар табдил ёфтааст ва он мардуми Тоҷикистонро ба қуллаи мурод хоҳад расонид.”
Аъзои нави ҳизб омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №38 Меҳрона Раҳмонова, шаҳодатномаи ҳизбиро ба даст гирифта бо шодию фараҳ изҳор кард, ки дар Соли ҷавонон ба узвияти Ҳизби сулҳу ваҳдат, бунёдкору созанда қабул гардиданам, боиси ифтихору сарбаландист. Мо ҷавонон ворисони Пешвои миллат ояндаи хешро ҳамеша аз ташабуссҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфта, бошукргузорӣ ба сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арҷгузорӣ мекунем.
Пизишк — табиби шӯбаи бачагона Шаҳбоз Иброҳимов ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Соли ҷавонон пазируфта шуданашро бахти баланд арзёби карда, гуфт, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан шарафи бузург буда, ба мо ҷавонон имконият фароҳам меоварад, ки дар пешбурди ҳаёти сиёсии кишвар саҳми ояндасоз дошта бошем.
Хурсандиовар аст, ки дар Соли ҷавонон сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҷавонон 650 нафар афзуд, ки онҳо минбаъд барои татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми шоиста хоҳанд гузошт.