Мулоқоти прокурори шахри Исфара бо аҳолӣ

Мувофик ба накшаи кории муштараки макомоти ичроияи хокимияти давлати ва макомоти хифзи хукук вобаста ба таквият бахшидани корхои таргиботиву ташвикоти байни ахоли Прокурори шахри Исфара мушовири адлияи дарачаи 1-ум Рахмонзода Анвар Хол, мудири шуъбаи масъалахои ичтимои ва робита бо чомеаи макомоти ичроия Ибромxон Икромов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавчудахон Назирова ва сардори хадамоти мухочирати шахр Гайратчон Бобоев дар Литсейи раками 5 бо омузгорон, муаллимон ва сокинони махаллахои атрофи таълимгох мулокоти судманде анxом доданд.
Нахуст Прокурори шахр Рахмонзода Анвар Хол аз чахду талоши Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар самти тахкими сулху суббот дар чомеа, таъмини рушди иктисодиву ичтимоии мамлакат ва фарохам овардани зиндагии шоиста ба шахрвандон таваччухи ахли нишастро ба масъалахои зарурати риояи меъёрхои конунхои амалкунанда, аз чумла конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чалб намуд.
Зимнан бо маъние гуфта шуд, ки падару модарон бояд дар анxоми вазифахои худ дар мавриди таълиму тарбияи дурусти фарзандон масъулиятшинос бошанд ва минбаъд сарфи назар аз синну сол ва дар кучо карор доштани фарзандон ба такдири онхо бетарафи зохир накунанд. Зеро имрузхо гуруххои террористиву экстремисти махз чавононеро ба доми фиреби худ меандозанд, ки дониши казои надоранд, доираи чахонбиниашон танг аст ва рафтору кирдори онхо аз чониби калонсолон, махсусан волидайн ба таври бояду шояд назорат намешавад.
Дар чараёни мулокот хамчунин масъалахои вобаста ба мухочирати мехнати, тахкими оилаву оиладори ва пайомадхои ногувори таклиди кўру кўрона ба фарханги либоспўшии кавму миллатхои дигар мавриди барраси карор дода шуд.
Дар фарчом ба таври хоса таъкид гардид, ки чихати пешгирии зухуроти номатлуб ва химояи насли наврас аз гаравидан ба хизбу харакатхои ифроти бояд робитаи оила, мактаб ва чомеа бештар мустахкам карда шавад.