Дар макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара тахти раёсати раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори чаласаи аввалини комиссияи шахрии мусоидат ба руихатгирии ахоли баргузор гардид.

Дар макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара тахти раёсати раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори чаласаи аввалини комиссияи шахрии мусоидат ба руихатгирии ахоли баргузор гардид. Дар чараёни он вазифахои аввалиндарачаи идораву ташкилот ва комиссияву ашхоси масъул дар мархилаи якуми тайёри ба маъракаи баруихатгирии соли 2020-ум мавриди барраси карор дода шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки бо максади ба даст овардани маълумот дар бораи ахолии Чумхурии Точикистон бахри тахияи дурнамои давлати, консепсияву стратегияхо, барномахои рушди иктисодиву ичтимои ва демографи мутобик ба Фармони Президенти мамлакат аз 12-уми октябри соли 2015 «Дар бораи тайёри ва гузаронидани баруихатгирии ахоли ва фонди манзил дар Чумхурии Точикисстон» соли 2020-ум дар каламрави мамлакат маъракаи баруихатгирии ахоли гузаронида хохад шуд.
Вобаста ба ташкил ва дар сатхи зарури гузаронидани чорабинии мазкур карорхои хукумати Чумхурии Точикистон (2-юми декабри соли 2016), раиси вилояти Сугд (17-уми январи соли 2017) ва раиси шахри Исфара (13-уми феврали соли 2017) «Дар бораи чорахои иловаги оид ба гузаронидани баруихатгирии ахоли ва фонди манзил дар соли 2020» ба тасвиб расидаанд.
Дар баромади сардори раёсати омори шахри Исфара Атохон Хочаев таъкид гардид, ки «Маълумоти дар натичаи баруихатгири ба даст омада дорои ахмияти бузург буда, барои идораи хамаи зинахои давлат зарур аст. Бидуни донистани шумораи мардону занони синну соли кобили мехнат, сатхи маълумот ва тайёрии касбии онхо таъмини тараккиёти иктисодиву ичтимоии давлат амри махол аст.
Атохон Хочаев хамзамон зикр намуд, ки вазифаи аввалиндарачаи мархилаи якуми тайёри ба маъракаи баруихатгирии ахоли муайян намудани худуди шахру дехот ва сархадоти он, ба тартиб овардани кучахо ва гузоштани лавхаю ракамхо, тартиб додани накшахои схематикии шахру шахрак ва дехахои калон, харитаи нохия, тафтиши дакики дурусти ва мукаммалии бахисобгирии чории ахоли ва таъсиси комиссияхои мусоидати дар чамоатхо ва муассисахои дахлдор махсуб мешавад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *