Дар мачмааи «Базмгох»-и чамоати дехоти Чилгази дар доираи чорабинихо бахшида ба Соли чавонон ва чихати дар ниходи насли наврас чой додани эхсоси худогохиву ватанпарасти мулокоти чавонон

Дар мачмааи «Базмгох»-и чамоати дехоти Чилгази дар доираи чорабинихо бахшида ба Соли чавонон ва чихати дар ниходи насли наврас чой додани эхсоси худогохиву ватанпарасти мулокоти чавонон бо 20 нафар сарбозони ба тозаги аз адои хизмати харби бо сари баланд баргашта баргузор гардид.
Дар чараёни он хамчунин намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр, чамоати дехот ва падару модарони сарбозони Куввахои Мусаллах хузур доштанд.
Мулокот аз каломронии раиси чамоат Нуриддин Каримов ва мудири шуъбаи масъалахои ичтимои ва робита бо чомеа Ибромxон Икромов бобати шароитхои аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли — пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ва хукумати Чумхурии Точикистон тахсилу касбомузии чавонон фарохамовардашуда, зарурати азхудсозии илму фанни замона, касбу хунархои барои ободии Механ даркори ва дустдории Ватану хифзи он ибтидо гирифт.
Минбаъд чанде аз сарбозон ва волидайни онхо баромад намуда оид ба ифтихори сохибватани, мактаби шучоату мардонаги будани давраи хизмати аскари ва шарту шароитхои хизмат дар кисмхои низоми наклхои чолиб пеш оварданд.
Дар раванди мулокоти мазкур ба хамаи сарбозони аз хизмати харби муваффакона баргашта дар вазъи тантанави Сипосномахои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр супорида шуданд.
Дар анчом мухассили муассисаи тахсилоти миёнаи умумии раками 37 ва санъаткорони деха барномаи фархангии саршори мехру мухаббат ба Ватанро манзури хозирин гардониданд.
Чоизи зикр аст, ки дар дехаи Чилгази умури тарбияи насли наврасу чавон дар рухияи садокат ба Ватану масъулиятшиносии амики шахрванди басо пурсамар ба рох монда шудааст. Натичаи чахду талоши пайвастаи рохбарияти чамоат буд, ки чамоати дехоти Чилгази мудом ичроиши накшаи даъвати чавононро ба сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон сад дар сад таъмин менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *