Дар беморхонаи марказии шаҳр вохӯрии аъзои комиссияи ҷамъиятии шӯрои муқовимат бо коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Дар беморхонаи марказии шаҳр вохӯрии аъзои комиссияи ҷамъиятии шӯрои муқовимат бо коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо мудирони шуъба, пизишкон ва ҳамшираҳои тиббии бемористон баргузор гардид.
Нахуст ҳуқуқшиноси беморхонаи марказӣ Абдураҳмон Аҳмадов роҷеъ ба фаъолияти муассиса дар самти пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар байни ҷомеаи меҳнатӣ маърӯза кард.
Котиби шӯрои муқовимат бо коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлати Некзод Хоҷаев дар назди аҳли нишаст дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, хоса татбиқи «Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар раванди ҷамъомад байни аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва табибони беморхона марбут ба мавзӯъ суолу ҷавоб сурат гирифта, тарафҳо баҳри коҳиш додани амалҳои ришваситонӣ ва дар доираи қонун ба роҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ табодули назар карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *