Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборū варзишгарони шинохта, дастпарварони футболи шаҳри Исфара

Раиси шаҳри Исфара  Расулзода  Дилшод  Ҷабборū варзишгарони шинохта, дастпарварони футболи шаҳри Исфара Манучеҳр Ахмедов ва Дилшод  Бозоровро, ки дар ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳо барои  дарёфти Ҷоми Тоҷикистон  ҳунарнамоū  карда,  соҳиби Ҷоми Точикистон  гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳр бо баробари муборакбодии самимона ба футболбозони исфарагū барои саҳми арзандаашон дар рушди футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти  ин намуди варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои  сатҳи ҷумҳурū, вилоятū ва шаҳрū арзи сипос намуда, изҳори боварū намуд, ки  варзишгарони Исфара  минбаъд низ ба муваффақиятҳои беназир соҳиб мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои рушди футбол дар шаҳру деҳот иқдомҳои созандаро дар пеш гирифтааст. Кушодашавии силсилаи майдончаҳои хурди сунъии футбол дар шаҳри Исфара аз ҷумлаи ҳамин иқдомот мебошад. Бунёдгарони майдончаҳои хурди футбол умед доранд, ки бо баробари мавриди баҳрабардорū қарор додани иншоотҳои мазкур, ҷавонону наврасон аз шароитҳои созгор самаранок истифода бурда, аз тариқи шуғл варзидан бо варзиш руҳу ҷисми худро обутоб медиҳанд ва чун насли ватандӯст, созандаву ободкор ба камол мерасанд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара  ва сахми сохибкорони махалū танҳо давоми ду соли охир  дар худуди шахру дехоти Исфара 25 адад майдончаҳои варзишии хурди футбол бо тарҳи замонавӣ сохта мавриди баҳрабардории ниёзмандон rарор дода шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *