Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар маҷлисгоҳи МИҲД

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳр шуда гузашт, масъалаи муқовимат бар зидди зуҳуроти хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ- терроризм ва экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ширкати онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ба ҷаласаи шӯро, ки таҳти раёсати муовини прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шарифзода Самиҷон сурат гирифт роҳбарони мақомотҳои корҳои дохилӣ, амният, андоз,масъулони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, раисони ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, фаъолони шаҳру деҳот ва кормандони васоити иттилооти умум даъват шуда буданд.
Нахуст муовини прокурори шаҳр Шарифзода Самиҷон роҷеъ ба санҷиши фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар таъмини иҷрои қонунҳои амалкунанда “Дар бораи террроризм”, “Дар бораи экстремизм”, инчунин оид ба камбудиву норасоиҳои кори онҳо дар самти пешгирии шомилшави ҷавонон ба ҳар гуна ташкилоту ҳаракатҳои терорристиву экстремистии дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълонгашта, муайян кардан и ҷои будубош ва баргардонидани шаҳрвандони дар ҷангҳои Сурия будаи шаҳру деҳоти Исфара ва аъзои оилаи баъзеи онҳо, ҷалби тамоми қишрҳои фаъоли ҷомеа барои муқовимат ба мафкура ва равияҳои ифротии мухолифи дини мубини ислом гузориши муфассал пешниҳод намуд.
Перомуни масъалаи матраҳшудаи ҷаласа сардори шӯъбаи якуми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бахтиёр Назарзода суханронӣ кард.
Ҳамчунин сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр Насрулло Азизов, сардори раёсати маориф Бобохон Саидзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоū ва робита бо ҷомеа Ибромхон Икромов, сарвари бахши дин ва кор бо ташкилотҳои динū Саидҷон Мубинов ва чанде аз иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба амалу кирдорҳои ғайриинсонии душманони дини ислом аз хизбу гуруҳҳои тундрав, тарбияи наврасону ҷавонон дар муҳити созгори оилаву ҷамъият, қувват бахшидан ба дастгоҳҳои таблиғотиву тарғиботӣ фикру таклифҳои хешро баён доштанд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муовини аввали раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимū баромад намуда, изҳор дошт, ки бо дастгирии комил аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз зиндагии ободу осуда ва пурфайзу бобаракат метавон дар муттаҳиддиву оштинопазирӣ ба доман паҳн кардани вабои аср-терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳои ба амнияту осудагии давлату миллат таҳдидовар, боздоштани ҷавонон аз майл кардан ба ин гуна созмонҳои фитнаангез садди сангине гузошт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *