Дар даври дуюми Фестивал — озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон — 2017»

Дар даври дуюми Фестивал — озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон — 2017» дастахои хунармандони халкии шахрхои Исфара ва Конибодом баромад намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки максад аз баргузории фестивали мазкур эхёи мероси фарханги ва дарёфти чехрахои нав аз миёни халк дар чодаи санъати ракс, навозандаги, овозхони, хачву мутоиба ва бадехахони ва инчунин муковимати солим дар шароити бархўрди фархангхои гуногун ва чахонишавии босуръат, пиёда сохтани тадбирхое, чун эхеву рушд ва такомули хунархои милли ва расму оинхои точикона, равнаки фарханги милли ва таргибу ташвики тамаддуни имрўзу кухани халки точик мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳрхои Исфара ва Конибодом барои ширкат дар Фестивал — озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон — 2017» омодагии пухта дида буданд.
Дар марҳилаи омодагӣ таҳти унвони «Бозёфт» бо ҷалби мутассадиёни бахшхои фарҳанг, ҷамоати деҳоту маҳаллаҳо соҳибистеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нав ва ҳунармандони хушсалиқаи аз 5 то 25 сола дарёфт гардиданд.
Баромади хунармандони халки дар Кохи фарханги шахри Исфара як навъ чашни пуршукухи арчгузори ба эчодиёти халк буд ва аз бахшхои навозишхои умуми, чанг, доираву танбўр, ифоданок кироат намудани шеър, ичрои сурудхои хачви, классикиву халки ва тараннумгари Ватан, раксхои яккаву умуми, кўдакона, хондани бадеха иборат буд.
Дар чамъбасти баромадхо аз чумла гуфта шуд, ки «Фестивал — озмуни эчодиёти халк «Бўстон — 2017» худ далели раднопазири он аст, ки ба туфайли сиёсати фархангпарваронаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ва Хукумати ЧТ имрўзхо бештар аз хар вакт барои рушду такмили истеъдодхои наврасу чавон шароитхои созгор мавчуданд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *