Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак боздид ва бо

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак боздид ва бо фаъолон мулоқот кард.Нахуст шаҳрдори Исфара аз майдончаи варзишии футбол, ки аз ҷониби сокинони деҳаи Шаҳрак бунёд шуда истодааст, дидан намуда, вобаста ба иҷрои сарвақтии корҳо, сатҳу сифати майдончаи варзишӣ дастуру супоришҳо дод. Бояд гуфт, ки майдончаи варзишии мазкур аз ҷониби сокинон туҳфаи хубе барои муҳассилини МТМУ № 18-и деҳа мебошад.
Сипас дар бинои ҷамоати деҳа аз ҷониби Расулзода Дилшод Ҷабборӣ қабули сокинон роҳандозӣ гардид. 14 нафар сокинони деҳоти Шаҳрак дар радифи арзи сипос намудан вобаста ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла таъминот бо оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузориҳои вобаста ба баъзе иншоотҳо муроҷиат намуда, дар асоси муроҷиати онҳо Дилшод Расулзода ба масъулин оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи маҳал вазифагузорӣ кард.
Мулоқоте, ки дар маҷмааи фароғатии «Зумрадшоҳ» бо ширкати беш аз 250 нафар сокинон, фаъолон ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута доир гардид, паҳлуи дигари мулоқоти Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак буд.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳа Шуҳратҷон Икромов дар баробари ифтитоҳи мулоқот ҳадаф ва мақсади онро шарҳ дод.
Сипас раиси шаҳр вобаста ба вазъияти ҷойдоштаи маҳал дар назди масъулини соҳаҳо вазифагузорӣ намуд.
Зикр кард, ки амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босубот ва сидқидилонаи ҳар як нафари мо, ба хусус онҳое, ки дар маҳалҳо кор мекунанд, сарчашма мегирад. Бинобар ин зарур аст, ки мушкилотҳои ҷойдошта сари вақт дар ҷой ҳал ва барои пешгирии амалҳои номатлуб фаъолияти дастаҷамъона барем.
Доиргардии ин гуна мулоқотҳои раиси шаҳр дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ ба назар гирифта шудааст

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *