Бозорҳои Исфара бо маҳсулоти худӣ бояд фаровон карда шаванд

Чунин буд хулосаи боздиди раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз гармхонаҳо.

Дилшод Расулзода зимни боздид аз гармхонаи Зоир Сангинов аз деҳаи Қалъачаи Мазор бо нашъунамои помидор шинос шуд. Гармхонаи мазкур дар 0,2 га бунёд гардида, помидорҳои он аз моҳи январ сар карда, дастархони мардумро зеб хоҳанд дод.

Дигар гармхонае, ки аз он раиси шаҳр дидан намуд, ин гармхонаи аз тарафи Ҷамшед Бузруков дар назди филиали Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бунёд гардида, мебошад. Дар гармхонаҳои ин ҷо кӯчати помидор нашъунамои хуб дошта, аз моҳи феврал чиниши ҳосил оғоз хоҳад ёфт. Дар баробари ин Ҷамшед Бузруков дар гармхонаҳо ба парвариши лимӯ ва қаламчаҳои гулҳои ороишӣ машғул аст. Интизор меравад, ки имсол беш аз 4000 бех гулҳои садбарги ин гармхона кӯчаву хиёбонҳоро зеб диҳанд.

Бояд гуфт, ки гулпарварӣ ва ривоҷи он тариқи гармхонаҳо аз дастуру вазифагузориҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сарчашма мегирад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *