Таҷлили Рӯзи Парчами Давлатӣ дар Исфара

Бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз сокинони сершумори шаҳр бо парчамҳои давлативу шиору навиштачотҳои васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандорӣ нишоту сарафшонӣ доштанд. Тантанаҳои мазкур бозгуйӣ аз он доштанд, ки Парчам дар радифи Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ ба ҳайси рамзи басо арзишманди милливу давлатӣ барои мардуми тоҷик муқаддас аст.

Дар майдони Имоили Сомонии шаҳри Исфара бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид.

Дар ҷараёни он Раиси шаҳр Расулзода Дилшод сокинони шаҳру деҳоти Исфараро бо Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод гуфт.

Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад».

Шаҳрдори Исфара илова намуд, ки «Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад.

…Парчам пайвандгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои неку обод ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии Тоҷикистониён аст!»

Дар анҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *