Парафшон бод Парчами миллат

22 ноябри соли равон дар кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси кумитаи иҷроияи ибтидои Муҳамеддов Т.М. ҳусни ифтиҳоҳ бахшида, қайд намуд, ки парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон  буда, дар баробари Кониститутсия,  Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрӣ Исфара Асадуллоев Б.Ҷ. оиди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша карда, зикр кард, ки Иҷлосияи сарнавиштсоз рӯйдоди таърихи буда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ раҳоӣ бахшид. Пурарзиштарин нақши Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ тавассути қарори он ба саҳнаи таърих вуруди шахсияте, ки бо ҷасорату матонат, ботини поку саршор аз муҳаббат ба халқи тамаддунофарин, афкору андешаҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонсозиашон ҳидоятгари миллати куҳанбунёд гардидида заврақи ормонҳои ҳазорсолаи миллатро ба соҳили мурод расонид. Бузургтарин неъмати Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ расидан ба сулҳи  деринтизор, таъмини ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати воқеъан миллии, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст.

Иҷлосияи тақдирсоз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Парчами давлати барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти  миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Табиби беморхона Маҷидахон Почоева ва ҳамшираи калони тиббӣ Нигора Орифова орзуву умед карданд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳони ҳамеша парафшонӣ кунад.

Обрӯву эътибор, мавқеъву манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиситон бино бар дар пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан дар кишварамон торафт боло рафта, намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи иен ҳизб дида истодаанд ва онро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб таъкид месозанд, ки ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама хоҳишмандон ва шахшонеро ба сафҳои ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавияти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд.

Дар маҷлиси имрӯза ба як гурӯҳ шахсони арзанда, ки идомаи фаъолияти худро ҳамчун узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан меҳоҳанд, соҳиби шаҳодатномаи ҳизби гардиданд, ки дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Асадуллоев Б.Ҷ. ва сарвари беморхонаи марказӣ Муҳаммедов Т.М. ба онҳо супорида шуданд.

 

Марказӣ таблиғот ва иттилоотии

кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара