Чорводорони Исфара дар ду намуд дар ҷойи аввал

Чанде пеш дар бозори «Дӯстӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш-фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ чорводорони КТ «Кишоварзони Навгилем» ва хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷӯрахӯҷа Самадов чорвоҳои зотии худро ба намоиш бароварданд.

Дар номинатсияи «Зоти калонтарин» буқаи зотии хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷӯрахӯҷа Самадов ҷойи аввал дониста, чорводорон бо як адад телевизори рангаву 1000 сомонӣ маблағи пулӣ мукофотонида шуданд.

Дар номинатсияи «Модагови беҳтарин» бошад, модагов аз КТ «Кишоварзони Навгилем» соҳиби ҷойи аввал ва чорводорон бо як адад қолину 500 сомонӣ маблағ сарфароз гардиданд.

Барои иштироки фаъол ва ишғоли ҷойҳои аввал раёсати кишоварзии Исфара ба Сипосномаи сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мушарраф гашт.