Натиҷабардорӣ аз фаъолияти 10 моҳа

Таҳти сарварии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Исфара дар 10 моҳи соли 2017 баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳр Собитҷон Умарзода вобаста ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр гузориши муфассал пеш овард.

Зимнан гуфта шуд, ки соҳаи саноати Исфара яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба хисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсолӣ, аз ҷумла барои истихроҷи ангиштсангу нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кимиёву металлургияи ранга, маводи хӯрока ва консерваҳои мевагию сабзавотӣ мавҷуд мебошад.

Мақсади асосии рушди саноати шаҳр таъмини истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва тағийри сохтори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаҳои нав, хусусан корхонаҳои маҳсулоти бинокорӣ, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини рушди иҷтимоиёти шаҳр маҳсуб меёбад.

Зимни пешниходи гузориш вобаста ба фаъолияти соҳаҳои хизматрасониву сохтмон муовини раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода тазаккур дод, ки давоми 10 моҳи соли 2017 аз тарафи корхонаҳои сохтмонии шаҳр ба маблағи умумии 27 млн 797,1 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ иҷро карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,8 баробар ва ё 48 млн 726,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Аммо, корҳои пудратӣ ҳамагӣ 24 млн 157,1 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,6 млн сомонӣ кам аст.

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии корҳои пудратии иҷрошуда, 2 млн 659,6 ҳазор сомонӣ бо маблағҳои буҷетӣ, 4 млн 262,2 ҳазор сомонӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва 4 млн 426,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Тибқи маълумотҳо ҳиссаи ташкилотҳои сохтмонии шаҳр аз қабили «Ширкати сохтмнои Исфара», «Оро Исфара», «Бинокор» ва «Маскан» дар иҷрои корҳои пудратии шаҳр ҳамагӣ 3 млн 120,1 ҳазор сомонӣ ва ё 12,9%-ро ташкил намудаасту халос.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ бошад, дар ин давра 65,8%-и ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил намуда, ҳамагӣ 22 млн 606,9 ҳазор сомониро ташкил намудаасту халос.

Давоми 10 моҳи соли 2017 аз ҷониби муассисаҳои нақлиётии шаҳр 1 млн 547,3 ҳазор тонна бор ва 19 млн 715,2 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нишондоди мазкур нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 31,2 тонна бор ва 1,6 млн мусофир зиёд аст.

Дар ин давра, аз ҷониби корхонаҳои об ва барқтаъминкунӣ ба маблағи умумии 17 млн 947,6 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулаку анҷом дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016, 3,5 млн сомонӣ ва ё 73,2% зиёд аст.

Ҳамин тариқ, муовини раиси шаҳр Муҳиддинзода Муҳаммад низ оид ба нишондиҳандаҳои асосии соҳаи кишоварзии шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар охир, шаҳрдори Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз роҳбарону масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр вобаста ба камбудиву нуқсонҳои дар фаъолияташон ҷойдошта бозпурсӣ ба амал оварда, ҷиҳати рафъи ҳарчи зудтари мушкилоти ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раиси шаҳр зикр намуд, ки барои бо нишондодҳои баланд ҷамъбаст намудани соли 2017 бояд тамоми захираю имкониятҳо ва саъю кӯшиши роҳбарону мутахасисони соҳа ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, сафарбар карда шаванд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа чанде аз ширкатдорон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фикру дархостҳои худро иброз доштанд.