Матни табрикоти Раиси шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Чанд рӯз пеш дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо санаи фархундаю тақдирсози миллат —  биступанҷумин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи шоиста таҷлил гардид.

Боиси фараҳмандист, ки дар идомаи ин ҷашни бузурги сарнавиштсоз, имрӯз мо шаҳрвандони Тоҷикистони озод ва мустақилу соҳибихтиёр боз яке аз санаҳои барои насли имрӯзу ояндаи миллат муқаддас — Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Зеро, бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас мебошад».

Аз ин лиҳоз, бо камоли хушнудӣ ва як ҷаҳон орзую таманнои нек ман якояки шумо шаҳрвандони азизи шаҳри Исфараро бо ҷашни фархундаву фараҳафзои 25-умин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Санаи 24 ноябр барои мо — тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Зеро, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги қадимаи мо парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле рангин ва тўлонӣ дошта, он дар асотир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ, достону қиссаҳо ва ривоятҳо инъикос ёфтааст.

Мавриди ёдоварист, ки ойини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро парчам карда, ба муқобили душманон бархеста буд, ба расмият даромадааст.

Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ нахустин парчами миллии мо дар замони шоҳи каён Фаридун арзи вуҷуд кардааст, ки бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» маъруфият дошта, чун парчами адолат ва озодӣ ва рамзи давлату давлатдорӣ ва озодии ниёгони мо пазируфта шудааст.

Таърих шаҳодат аз он медиҳад, ки таҳти ин дирафш аҷдоди миллати шарафманди мо — тоҷикон асрҳои аср саф кашида, аз ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд.

Боиси шукргузорӣ ва ифтихори мост, ки баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид.

25 сол қабл аз ин, 24 ноябри соли 1992 нусхаи аслӣ ва нахустини Парчами давлатӣ аз ҷониби вакилони мардумӣ дар раванди Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардида, бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати мустақилу соҳибихтиёр шуд, ки он алҳол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Яке аз ширкатдорони он Иҷлосияи таърихӣ эҳсосу ҳаяҷон ва таассуроти худро аз лаҳзаи қабули Парчами давлатӣ чунин тасвир намудааст: — «Ба Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд овардан, бо камоли эҳтирому эътиқод Парчамро бӯсидану ба чашм молидани Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вуҷуди шахшудаамро ба як бор биафшонд, мағзи тирагаштаи сарамро сӯи рӯшноӣ таккон дод, лойи вуҷудамро аз нав бишӯрид ва маро таваллуди дигар бахшид!»

Ҳамин зайл, 25 сол инҷониб мардуми шарафманди Тоҷикистон зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ устуворона қадам мегузорад.

Мо ифтихорманду сарбаланд аз он ҳастем, ки дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парчами мо партавфишонӣ дорад.

Басо рамзист, ки дар рӯбарӯи парчами давлатӣ аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Бояд тазаккур диҳам, ки Рӯзи парчамро на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Мексика, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария, Лаҳистон, Ҷопон ва Либерия низ ботантана ҷашн мегиранд.

Мояи шарафмандии мост, ки бузургтарин ва беназиртарин манораи парчами дунё, ки баландии сутуни он 165 метр ва паҳнои парчамаш 30 ба 60 метр аст, дар пойтахти давлати тоҷикон ҷилвагар мебошад.

Чун ба таъбири Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:— «Парчам далели мавҷудияти миллату давлат аст», яке аз майдонҳои зебову хуррами пойтахтамон Парчами миллӣ номгузорӣ шудааст.

Табиист, ки ин ливои муқаддас илҳомбахши шоирон, рӯҳбахши варзишгарон, нерӯбахши сарбозон ва мояи ифтихори кулли шаҳрвандон гардидааст.

Табиист, ки ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзӣ, нишони ғолибияти он миллат аст.

Дар ин росто, боиси шарафмандии мову шумо, мардуми сарбаланди Исфараи бостонӣ аст, ки дар радифи Чемпиони ҷаҳон Асрор Воҳидов даҳҳо варзишгарони муваффақи мо дар майдонҳои варзишии ҷаҳонӣ парчами давлатамонро боло бардоштаву парафшон мекунанд.

Хушбахтона, имсол дигаре аз варзишгарони касбии мо Варзишгари Муҷаммадхӯҷа Ёқубови 22-сола низ дар мусобиқоти байналмиллалии дар шаҳрҳои Челябинск ва Санкт – Петербурги Федератсияи Россия баргузоргардида соҳиби камарбанд ва мақоми Каҳрамони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ дар байни ҷавонон гардид ва ба ифтихори пирӯзиҳои пайиҳами ӯ борҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Имрўзҳо мову шумо худ шоҳиди он ҳастем, ки дар раванди баргузории ҳамагуна ҷашну маъракаҳои милливу давлатии кудакону наврасони мо бо қалбҳои саршор аз меҳру муҳабат парчами лавлатиамонро болои сар бардошта алвонҷ медиҳанд.

Сари синаи мактабиён, зиёиён ва хизматчиёни давлатӣ нишони парчами миллӣ оро медиҳад, ки худ баёнгари арҷгузории ҷомеъа ба ин рамзи муқаддаси давлатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Парчами миллиию давлатӣ рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин, рамзи ифтихор, нангу номус, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст.

Аз ҷониби дигар, ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Бино бар гуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст».

Яъне, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.

Имсол соли ҷавонон аст ва мо насли калонсолро зарур аст, ки сатҳи таълиму тарбияи насли ҷавони ҷомеаро густариш бахшем, то онҳо ба фаҳми арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ расанд, ҳамчун шахсияти ҳамаҷиҳата ташаккулёфта ба камол бирасанд.

Чун Парчами миллӣ бароямон азиз ва шоистаи дўст доштан аст, бояд мову шумо ин гуна эҳсоси гарми ифтихор ва муҳаббатро нисбати рамзҳои давлатӣ дар қалб ва зеҳну шуури насли наврас аз замони тифлиаш парвариш диҳем.

Ҳар яки шумо, ҳамдиёрони азиз, суханронии пурмуҳтаво ва сабақомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дирӯз дар Қасри Арбоб, ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ баён доштанд, шунидед.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: — «Дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар касб кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст.

Чунин вазъ аз ҳар фарди бедордилу худшиноси ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва дар роҳи ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошанд».

Ба ин маънӣ, дар ин айёме, ки вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон мураккабтар мегардад, дидани парчами сиёҳ дар кишварҳои ҷангзада даҳшатафзо ба назар мерасад, бояд, ки мо аз рӯзгори орому осудаи хеш шукргузор бошем.

Ҳамзамон, саъю кӯшиш бар он намоем, ки меҳру муҳаббат ва садоқатмандӣ ба Ватан дар қалби ҳар фарди бонангу номус бебозгашт маъво бигирад, ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчами миллӣ дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрвандамон ҳамеша пойбарҷо бошад.

Воқеан ҳам, шукрона бояд кард, ки ин рӯзҳо дар фазои файзрези кишвари хуршедии мо Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу зиннати аҷдодӣ, бо тобиши тозае парафшону ҷилвагар аст, ба чашмҳои мо нур ва ба қалбҳоямон сурур мебахшад.

Фараҳмандию нишоте, ки алҳол мову шумо дорем, низ ба шарофати ҷашни саиди 25-умин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба ин муносибат ман бори дигар, ҳар яки шумо пиру барнои Исфарамарзро шодбош мегӯям.

Таманнои онро дорам, ки сари шумо ҳамчун парчам баланду рӯятон чун парчам сурх, рӯзгоратон мисли парчам сабзу бахтатон чун парчам сафед бошад.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун шўълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ бикунад!

Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!