Таҷлили солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва рӯзи Президент дар Исфара.

Дар шаҳри Исфара ба ифтихори 16-умин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Оли ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати доираи васеи аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, аз аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ ёдовар шуд.

Зимнан гуфта шуд, ки “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.

Баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конституционӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Пурзӯр шудани мақомоти сохтори ҳокимияти қонунӣ тавонист дар асоси татбиқи талаботи Конститутсия ва қонунҳои қабулгардида низоми комилро дар мамлакат таъмин намояд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад ба ифтихори ҷашнҳои саид барномаи ҷолиби фарҳангии васфкунандаи Ватану Истиқлолият, сулҳу амонӣ ва меҳнати созанда манзури ҳозирин гардонида шуд.