“Роҳкушои ормонҳои ҷавонон”

Дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 16-уми ноябри соли равон мизи мудаввар таҳти унвони “Роҳкушои ормонҳои ҷавонон” баргузор гардид.
Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бурҳонбек Асадуллоев иштирокдорони мизи мудавварро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷашнвораи 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки бузургтарин нақши иҷлосия ба майдони сиёсат зуҳур гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ормонҳои ҳаҳорсолаи мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонид.
Доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсозӣ XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва саҳми Пешвои муаззами миллат дар бунёди давлати миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Нарзидинова О., аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоиқ Шералӣ” Нигора Фахриева ва донишҷӯйи филиали донишгоҳи давлатии техналогии Тоҷикистон Мисиров А. изҳори андеша карданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба як гурӯҳ дастпарварони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аз ҷониби собиқадорони ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Намоиши фильми ҳуҷҷатии “Эмомалӣ Раҳмон – меъморӣ сулҳу ваҳдат” ба иштирокдорони мизи мудаввар таъсурроти бебозгашт гузошт.